Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 11 муҳоҷир дар соҳилҳои Юнон


Дар соҳилҳои ҷазираи Самоси Юнон рӯзи 1 ноябр як киштӣ бо муҳоҷирон ғарқ шуд. Хабаргузории France-Presse бо такя ба кормандони ҳифозати соҳили Юнон дар бораи дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидани 11 нафар, аз ҷумла, шаш кӯдак, иттилоъ додааст. Ҷасади даҳ нафарро дар дохили киштӣ ва ҷасади як духтари наврасро дар соҳил пайдо карданд. Як рӯз пеш дар баҳри Эгей дар соҳилҳои Юнон 22 муҳоҷир, аз ҷумла, 13 кӯдак ғарқ шуда буданд.
Соли равон 570 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои вориди даргирии Ховари Миёна ба Юнон омаданд, то ки дар қаламрави Аврупо сарпаноҳ ёбанд.

XS
SM
MD
LG