Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Сомалӣ мегӯянд, ки як гурӯҳи мусаллаҳ бомдоди рӯзи 1 ноябр ба меҳмонсарои “Саҳафӣ” дар пойтахт – шаҳри Могадишо ҳамла карда, чанд нафарро ҳадафи тир қарор дод.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз нақли як корманди аршади полис навиштааст, ки аввал маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар назди дарвозаи “Саҳафӣ” тарконд ва сипас афроди мусаллаҳ сӯи меҳмонсаро оташ кушоданд. Ба иттилои капитани полис Муҳаммад Ҳусейн, дар ин ҳодиса дасти кам 9 нафар кушта ва 10 каси маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории AFP бо такя ба манбаъҳои худ, теъдоди кушташудагонро 12 нафар гуфтааст.

Меҳмонсарои Sahafi макони дӯстдоштаи аъзои парлумон, кормандони давлатӣ ва тоҷирон маҳсуб мешавад.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Аш-Шабоб” бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG