Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Русия 1 ноябр рӯзи мотами миллӣ ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа" дар Миср аст.
Ҳавопаймо, ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 25 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Бештари қурбониёни фоҷиа – сокинони шаҳри Санкт-Петербурганд ва аз ин рӯ мири шаҳр Георгий Полтавченко эълон дошт, ки шояд рӯзи мотам тамдид шавад.

Дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймо кормандони вазоратҳои ҳолатҳои изтирорӣ ва нақлиёти Русия, муассисаи давлатии Росавиатсия, мутахассисони Миср ва Фаронса ва намояндагони ширкати Airbus ширкат доранд.

Мақомоти Русия ҳанӯз фарзияи худ дар бораи сабабҳои суқути ҳавопайморо эълом надоштаанд, аммо хабари аз сӯи ифротгароҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтани Airbus-ро рад карданд.

Як рӯз пеш хабаргузории Reuters бо ишора ба як изҳорот дар саҳифаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Твиттер навишт, ки ҷангиёни бахши мисрии ин гурӯҳ ҳавопаймои русиро ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор доданд. Аммо вазорати нақлиёти Русия ва мутахассисони низомии рус гуфтанд, гурӯҳҳои ифротии маҳаллӣ, аз ҷумла, “Давлати исломӣ”, силоҳе надоранд, ки ҳадафҳоро дар масофаи беш аз 3-4 ҳазор метр нобуд созад.

XS
SM
MD
LG