Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтари Ислом Каримов: Хоҳиши вориси падар буданро надорам


Гулнора ва Лола-духтарони Ислом Каримов

Гулнора ва Лола-духтарони Ислом Каримов

Лола Каримова-Тиллоева, духтари дуюми Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар саҳифаи Instragram навиштааст, ки намехоҳад ҷойнишини падараш бошад.

Лола Каримова-Тиллоева, духтари дуюми Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар саҳифаи Instragram навиштааст, ки намехоҳад ҷойнишини падараш бошад.

Ӯ рӯзи 30 октябр дар саҳифаи Instragram навиштааст: “Дар зиндагӣ барои худ ҳадафҳои зиёдеро дар назар гирифтаам, аммо дар миёни онҳо қасди мақоми давлатиро ба ӯҳда гирифтан вуҷуд надорад”.

Хонуми Каримова-Тиллоева гуфтааст, ки дар зиндагӣ оила барояш муқаддас ва ҳадафи аслӣ маҳсуб мешавад.

Ахиран дар мавриди Лола Каримова-Тиллоева, сафири Ӯзбакистон дар ЮНЕСКО ва муассиси Бунёди “Ту танҳо нестӣ” дар шаҳри Тошканд дар бораи эҳтимоли ҷойнишини падараш Ислом Каримов шуданаш дар шабакаҳои Интернет баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

Аз ҷумла, дар торнамоҳои мухолифони давлати Ӯзбакистон дар бораи ворис ё ҷойнишини Ислом Каримов таъйин шудани Лола Каримова-Тиллоева хабарҳое мунташир шуда буд. Имкон дорад баёнияи ӯ дар саҳифаи Instragram посухе ба чунин ҳатсу гумонҳо бошад.

Қаблан Гулнора, духтари якуми Ислом Каримов, ба унвони довталаби аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон маҳсуб мешуд.

Вале ду соле қабл Гулнора Каримова бо далоили номаълум таҳти фишори ниҳодҳои қудратии Ӯзбакистон қарор гирифта, гуфта мешуд, ки фаъолияти шабакаҳои радио ва телевизиони марбут ба ӯ қатъ шудааст.

Баъдан Гулнора дар ҳабси хонагӣ ба сар бурда, дар кишварҳои Аврупо ба гумони фасод дар қиболи ӯ парвандаи ҷинойӣ боз шуд.

Лола Каримова-Тиллоева дар саҳифаи Твиттер навишта буд, ки дар зарфи 12 соли ахир бо хоҳарбузургаш Гулнора ногап аст ва бо ӯ ҳеч гуна равобите надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG