Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар рӯзҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба кушта шудани пиёдагардон шудаанд.

Аз ҷумла, ронандаи ҷавони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” дар шаҳри Ваҳдат пиёдагарди 41-соларо пахш кардааст, ки ин мард бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона фавт кардааст.

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд низ автомашинаи тамғаи “Опел” дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ин шаҳр ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷа, мошини “Опел-Астра” аз масири ҳаракат хориҷ шуда ва ду пиёдагардро дар канори роҳ пахш кардааст.

Ин ду нафар дар беморхона бистарӣ шуда, яке аз онҳо, зани 60-сола даргузаштааст.

Ҳамчунин, дар самти истгоҳи Душанбе-2 тепловоз донишҷӯи 20-соларо, ки аз мавзеъи мамнӯъ роҳи оҳанро убур мекард, пахш кардааст, ки дар натиҷа ин ҷавон бо ҷароҳати вазнин дар беморхона фавт кардааст.

XS
SM
MD
LG