Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти суқути Airbus-ро бар дӯш гирифт


Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) масъулияти суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа"-и Русияро бар ӯҳда гирифтанд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар саҳифаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Твиттер гуфта шудааст, ки онҳо рӯзи шанбе дар фазои нимҷазираи Синой ҳавопаймои русиро ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор доданд. Аммо сомонаи Lenta.ru бо такя ба гуфтаҳои мутахассисон навиштааст, ки гурӯҳи ифротии маҳаллӣ, аз ҷумла, “Давлати исломӣ”, силоҳе надоранд, ки ҳадафҳоро дар масофаи беш аз 3-4 ҳазор метр нобуд созад.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймо 1 ноябрро рӯзи мотам эълон кард.

XS
SM
MD
LG