Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин хостори таҳқиқи сабабҳои суқути Airbus шуд


Хабари суқути ҳавопаймо пайвандони мусофиронро мотамзада кард

Хабари суқути ҳавопаймо пайвандони мусофиронро мотамзада кард

Наҷотбахшони мисрӣ ба интиқоли ҷасадҳои қурбониёни суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа" шурӯъ карданд. Ҳавопаймо, ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Бар пояи хабарҳо, наҷотбахшон ҷасади панҷ тифлро пайдо кардаанд. Баъзе расонаҳо навиштаанд, ки аз зери пораҳои ҳавопаймо садои мусофирони зиндамонда ба гӯш мерасад ва наҷотбахшон талоши берун овардани онҳоро доранд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба нахуствазир Дмитрий Медведев дастур дод, ки дар робита ба суқути ҳавопаймо комиссиюни давлатиро таъсис кунад.

Ба иттилои хабаргузории Интерфакс ҳавопаймо баъди ба замин бархӯрдан пора-пора шудааст.

Мақомоти амниятии Миср гуфтанд, ки бар пояи иттилои пешакӣ, ҳавопаймо ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG