Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ вориди Бишкек шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА, рӯзи 31 октябр вориди шаҳри Бишкек шуд. Дар фурудгоҳи Манас ӯро сарпарасти вазорати умури хориҷиии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев.истиқбол кард.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои қирғизаш Абдилдаев мулоқот кунад. Ӯ дар ифтитоҳи бинои сафорати Амрико дар Бишкек ширкат намуд қарор аст, ки дар рӯнамоӣ аз бинои нави хобгоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ширкат варзад.

Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон, сафари Ҷон Керрӣ ба кишварро бо вазъи геополиткиӣ дар ҷаҳон пайванд дод. Ба гуфтаи ӯ, сафари Керрӣ баёнгари нияти ИМА барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Сафари Ҷон Керрӣ ба ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон то 3 ноябр идома мекунад.

Дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон аз ӯ хост, ки дар мулоқот бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ба расонаҳои ахбори омро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ҳомиёни озодии баён хоҳиш карданд, ки Ҷон Керрӣ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад."

Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG