Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш ва сӯхтор дар як клуби шабонаи шаҳри Бухаррест, пойтахти Руминия, 27 нафар ба ҳалокат расида, 155 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Мақомот ҳадс мезаннад, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад, зеро вазъи 25 нафари дигар “хело вазнин” арзёбӣ мешавад.

Таркишу сӯхтор дар клуби Colectiv шоми ҷумъа, ҳангоми рок-консерт рӯй дод. Замони рӯй додани сӯхтор дар бино тақрибан 400 нафар, асосан ҷавонону наврасон, ҷамъ омода буданд.

Баъд аз сӯхтор бисёриҳо сӯи баромадгоҳ шитофтанд ва ин берун шудан аз биноро мушкилтар кард.

Сабабҳои таркишу сӯхтор таҳқиқ мешаванд.

Клаус Иоханнис, раисиҷумҳури Руминия, дар саҳифааш дар Фейсбук аз ин ҳодиса изҳори андӯҳ кард ва ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

XS
SM
MD
LG