Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА низомиёнашро ба Сурия мефиристад


ИМА тақрибан 50 афсару сарбози нерӯҳои вокуниши сареъро ба Сурия мефиристад. Намояндаи расмии вазорати дифои Амрико дар ин бора рӯзи ҷумъа хабар дод ва гуфт, ки қарор аст низомиён дар шимоли Сурия, дар минтақаи таҳти назорати курдҳо мустақар шаванд.

Амрикоиҳо ба ҳайси мушовирони нерӯҳои курдҳо, ки алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, фаъолият хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин дар амалиёти вижа алайҳи “Давлати исломӣ” дар қаламрави Сурия истифода мешаванд – чунин амалиёт, ба гуфтаи вазири дифоъ Эштон Картер, дар оянда доир карда хоҳад шуд.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор карда буд, ки низомиёни кишвар дар қаламрави Сурия мустақар нахоҳанд шуд. ИМА то ҳол бо зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” истифо мекард.

Ҳадс зада мешавад, ки шояд дар оянда шумораи афсарону сарбозони нерӯҳои сареъи Амрико дар Сурия афзоиш ёбад.

Ба тасмими Кохи Сафед барои фиристодани нерӯҳои амрикоӣ ба Сурия аъзои Конгресс вокуниши мухталиф карданд, баъзеҳо аз он нороҳатанд, ки маъмурияти Обама барои ин амалиёт аз Конгресс иҷоза нахостааст.

XS
SM
MD
LG