Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев пешниҳоди Русияро бобати бозкушоии роҳҳои ҳавоӣ рад кард


Агентии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ба Украина пешниҳод кард, ки дар мавриди дубора сар кардани парвозҳои байниҳамӣ гуфтугӯ сурат гирад, аммо Киев ин пешниҳодро рад кард.

Чунин нома ба Идораи давлатии ҳавоии Украина 28 октябр ирсол шуда буд. Дар ин нома "омодагӣ барои идомаи муколама бо мақсади азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар дар зудтарин фурсат" изҳор шудааст.

Намояндаи вазорати зербиноии Украина хабар дод, ки чунин машварат танҳо дар сурате оғоз мешавад, ки "агар Русия ҷаримаҳоро пардохт кунаду парвозҳо ба манотиқи дастрасии маҳдуд, асосан ба Қримро қатъ намояд".

Украина дар посух ба ғасби нимҷазира парвозҳо барои ширкатҳои ҳавоии русиро 25 октябр манъ кардааст. Чунин манъкунӣ ба ҳазорон мусофир таъсири манфӣ расонид. Онҳо водор мешаванд, ки тавассути хатсайрҳои ғайримустақим ва гаронарзиш парвоз кунанд ва ё ба сафари 13-соата бо қатор омода бошанд.

XS
SM
MD
LG