Пайвандҳои дастрасӣ

Сохторҳои маҳаллӣ барои кор бо муҳоҷирон ба кӯмак ниёз доранд


Даврон Муҳаммадиев

Даврон Муҳаммадиев

Ҷаҳони кунунӣ дар баробари равандҳои сартосарии муҳоҷират қарор дорад ва он сарнавишти миллионҳо нафарро фаро мегирад, ки аз хонаву дари худ маҳрум мешаванд. Ба ин далел нақши сохторҳои маҳаллӣ дар кӯмак ба онҳо аҳамияти зиёд дорад.

Даврон Муҳаммадикв-раиси намояндагии Федератсияи Байналмиллалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилои Аҳмар дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, барои фаъолияти пурсамар ва кор бо муҳоҷирон сохторҳои маҳаллӣ дар ҳар кишвар ба кӯмак ва сарпарастӣ ниёз доранд.

Дар ҳамоише, ки дар Маскав дар робита бо ин мавзӯъ баргузор шуд, намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистону Сурия, Маҷористону Фаластин ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Оқои Муҳаммадиев мегӯяд, вақте ки сохторҳои маҳаллӣ захоири кофӣ барои кӯмак ба муҳоҷирон надоранд, бояд ҳамкорони байналмиллалӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмиллалӣ нақши аслиро бар дӯш бигиранд ва ба онҳо кӯмакҳои фанниву зарурӣ расонанд. Чунин кӯмакҳо бояд беғараз ва бар асоси ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ба якдигар сурат бигирад.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, барои баррасии масъалаи мазкур чунин ҳамоишҳо ҳамчунин дар намояндагиҳои Федератсияи Байналмиллалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилои Аҳмар дар Женева, Нию Йорк ва Брусселу Будапешт баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG