Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори дорои ду шаҳрвандӣ дар Эрон боздошт шуд


Сиёмак Намозӣ
Сиёмак Намозӣ

Як эронитабор, ки шаҳрвандии Эрону Амрикоро дорад, дар Эрон боздошт шудааст. Сиёмак Намозӣ чаҳорумин шаҳрванди Эрону Амрикост, ки боздошт мешавад. Вай дар ширкати Crescent Petroleum Co дар Дубай кор мекунад.

Бино ба навиштаи рӯзномаи The Wall Street Journal, вайро бахши кашфи Сипоҳи посдорони инқилоб ду ҳафта пеш ҳангоми боздидаш аз Теҳрон боздошт кардаанд.

Atieh Group ё Гурӯҳи Отия моликияти хонаводаи Намозӣ мебошад ва дар Теҳрону Дубай ва Вена намояндагиҳо дорад. Рӯзнома навиштааст, ин намояндагӣ ба ононе, ки мехоҳанд ба бозори Эрон ворид шаванд, машварат медиҳад.

Наздикони Намозӣ мегӯянд, ки манзили хонаводаи онҳоро кормандони кашфи Эрон бозрасӣ кардаанд ва компютерашро мусодира намудаанд. Илова бар ин, ба баъзе аз адресҳои мавҷуда дар номаҳояш ҳамла анҷом додаанд.

Мақомоти аршади Амрико мегӯянд, ки дар ин бора гузоришҳоро меомӯзанд.

XS
SM
MD
LG