Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришва дар шакли асп бо мусодира ва ҷарима анҷом ёфт


Додгоҳи вилояти Қарагандаи Қазоқистон ҳукм кард, ки молу мулки муовини раиси ноҳияи Нурини он кишвар Ҳаким Беков мусодира шавад, вай ҳамчунин бояд 7 ҳазор доллар ҷарима шавад ва барои тамоми умр аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ маҳрум гардад.

Зимни муҳокимаи парванда додситонӣ аз додгоҳ барои Ҳаким Беков панҷ соли маҳрумият аз озодиро низ талаб кард.

Дар нисбати ин мансабдори ноҳиявии Қазоқистон баъди шикояти деҳқоне аз ноҳияи Нурин Давлат Жапанов парванда кушода шуд. Ин деҳқон шикоят кардааст, ки барои ғолиб омадан дар озмуни истифодаи тӯлонии заминҳои деҳқонӣ муовини раиси ноҳияи Нурин аз вай як аспи саворӣ талаб кардааст. Аммо баъди додани асп ҳам деҳқон дар озмун ғолиб наомадаст.

Ҳаким Беков ин иттиҳомотро рад мекунад. Ҳокими ноҳияи Нурини Қазоқистон Худойберган Бексултонов, ки ба додгоҳ даъват шуда буд, гуфт, аз ҷараёни ин ҳодиса иттилое надорад.

XS
SM
MD
LG