Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба самти Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд


Мақомоти Афғонистон хабар доданд. ки ҷангиёни ҷунбиши «Толибон» зери фишори нерӯҳои давлатӣ ба сӯйи марз бо Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, толибон қисмати бузурги манотиқи қаблан тасарруфкардаи худ дар вулусволиҳои Дарқад ва Хоҷағор дар вилояти Тахорро тарк мекунанд. Дарқад ва Хоҷағор дар наздикии марз бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлон воқеъ ҳастанд.

Сунатулло Темур сухангӯйи воли вилояти Тахор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 29 октябр хабар дод, ки дирӯз ба маҳали даргирӣ нерӯҳои изофӣ ворид шудаанд. Амалиёти озодкунии манотиқи пештар тасарруфшударо худи волии вилоят Муҳаммадясин Зиё раҳбарӣ мекунаду ҳоло дар вулусволии Хоҷагор қарор дорад.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо аз шоми дирӯз дар ҷангҳо дастикам 20 ҷангии «Толибон» кушта шудаанд. Дар миёни онҳо ҷангиён аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд, гуфт вай.

Маркази вулусволии Дарқад ҳамчунон таҳти назорати толибон қарор дорад, аммо Суннатулло Темур мутмаин аст, ки дар соатҳои наздик он комилан озод карда хоҳад шуд. Толибон Дарқад ва Хоҷағорро 28 октябр замоне зери тасарруфи худ дароварданд, ки дар пайи фишорҳои нерӯҳои давлатӣ маҷбур шуда буданд минтақаи Дашти Арчӣ дар вилояти ҳамсояи Қундузро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG