Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Бадахшон нуҳ хонаро вайрон кардааст


Мақомоти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи заминларзаи шадиди 26 октябр дар ҳудуди ин вилоят 9 хона пурра вайрон шуда, 31 манзили дигар қисман тахриб гардидааст. Ба гуфтаи Дӯсталӣ Худоёров, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Ишкошим ба 16 хона, мактаби 42 ва нерӯгоҳи обии Намадгути ин ноҳия зарар расидааст. “Хисороти молӣ дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа 5 хонаи сокинон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, се манзили сокинони деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон низ вайрон шудааст,” – афзудааст ӯ.

Рӯзи 26 октябр заминларзаи беш аз 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер Тоҷикистонро такон дод, ки дар пайи он баъзе аз биноҳо осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG