Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек зидди сохтмони пули 24-метрӣ дар Исфара


Қирғизистон монеи сохтмони пули 24-метрӣ бар фарози рӯди Исфара шудааст, ки деҳаи Чорқишлоқи Исфараро бо Қарабоғи Бодканд мепайвандад. Аз ҳукумати Исфара, 30 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷониби Қирғизистон иддао дорад, Чорқишлоқ ба мавзеъҳои баҳснок миёни Душанбеву Бишкек шомил аст ва дар ҳудуди он набояд корҳои сохтмонӣ анҷом бигиранд.

Роҳсозони ширкати “Роҳи ваҳдат” мегӯянд, ба сохтмони ин купрӯк ним моҳи пеш шуруъ карда, дар ин муддат беш аз 200 ҳазор сомонӣ харҷ кардаанд. Ба қавли онҳо, ҳар субҳ, вақте мошинҳо барои тахту ҳамвор кардани қитъаи роҳ оғоз мекунанд, аз он сӯи марз сарҳадбонони қирғиз огоҳ мекардаанд, ки бояд корҳои сохтмонӣ қатъ шавад. Дар сурати бунёди ин пул роҳи деҳаи Чорқишлоқ аз ҳудуди деҳаи Қаробоғи Ботканд убур карда, боз дубора вориди ҷамоати Сурх ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара мешавад.

XS
SM
MD
LG