Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини сарвазири Русия дар бораи марги кӯдаки тоҷик


Умаралӣ Назаров

Умаралӣ Назаров

Муовини сарвазири Русия Олга Голодетс изҳор дошт, ки дар робита ба қазияи марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров тамоми таҳқиқоти лозим анҷом хоҳад шуд, чунки ҳаёти кӯдак, ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз миллияташ арзишманд аст. Олга Голодетс, ки масъулияти назорати риштаи тандурустиро ҳам бар ӯҳда дорад, гуфт, “таҳқиқи ин парванда ба Кумитаи тафтишот супурда шудааст, чунки ҳаёти кӯдак ин ҳаёти кӯдак аст, сарфи назар аз ин ки ин кӯдак аз куҷосту миллаташ кадом аст?” Як рӯз қабл Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, Владимир Путин низ аз ин қазия огоҳ шудааст, вале ин мавзӯъ ҳанӯз дахолати президентро тақозо намекунад. Умаралӣ Назаров рӯзи 14 октябр, як рӯз баъди ба пулис бурдани волидонаш дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Марги ӯ сарусадои зиёдеро дар ҷомиаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба по кардааст.

XS
SM
MD
LG