Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи ҳокимро дар Қирғизистон ҲСД месозад


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев расман аз ҳизби сотсиал-демократ хост, то эътилофи ҳокимро ташкил кунад. Отамбоев рӯзи 29 октябр бо раҳбари сотсиал-демократҳо Чинибой Турсунбеков мулоқот кард. Ин ҳизб дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр бо касби 28 фоизи овозҳо ҷои аввалро гирифт. Дар маҷмӯъ 120 курсии Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон – байни вакилони 6 ҳизби сиёсӣ тақсим шудааст. Тибқи қонунҳои Қирғизистон, агар ягон ҳизб беш аз 60 курсӣ ба даст наорад, барои ташкили ҳукумати оянда бояд эътилофи ҳоким сохта шавад.

XS
SM
MD
LG