Пайвандҳои дастрасӣ

Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон, шоми 29 октябр дар раъси як ҳайат барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ба Душанбе омад. Ин ҷаласа рӯзи 30 октябр дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад. Ҷаноби Сариевро дар фурудгоҳи Душанбе Азим Иброҳим. муовини нахуствазири кишвар истиқбол гирифтааст. Интизор меравад, барои иштирок дар ин ҷаласа Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ ба Душанбе биёяд.

XS
SM
MD
LG