Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳмияҳои Русия дар “Euronews” мунҷамид шудаанд


Додгоҳ саҳми Русия дар телевизиони “Euronews”-ро бар пояи даъвои саҳомдорони ширкати нафти “Юкос” мунҷамид кардааст. Пётр Фёдоров, мудиромили ВГТРК – бузургтарин ширкати телевизионии Русия рӯзи 29 октябр ба хабаргузории РИА Новости тасдиқ кардааст, ки 7,5 дарсад саҳми ин ширкат дар “Euronews” мунҷамид шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин қарорро кадом додгоҳ баровардааст, вале додгоҳи доимии Арбитражи Гаага дар моҳи июли соли 2014 Русияро муваззаф карда буд, ки ҳамчун ҷуброн ба саҳомдорони “Юкос” 45 миллиард евро пардохт кунад. “Юкос” дар соли 2003 дар пайи ҳабси моликаш Михаил Ходорковский аз байн бурда шуд.

XS
SM
MD
LG