Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноумедии Динора Юнус аз вазъи волидонаш дар зиндон


Динора бо волидонаш
Динора бо волидонаш

Духтари ду ҳомии ҳуқуқи Озарбойҷон , ки маҳкум ба зиндон шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст, ки волидонаш дар маҳбас метавонанд бимиранд. Динора Юнус, духтари Лайло ва Ория Юнус рӯзи 28 октябр дар нишасти хабарие дар Вошингтон гуфт, ӯ дар мавриди ҳаёти волидонаш хеле эҳсоси навмедӣ мекунад, чунки вазъи сиҳҳати онҳо бад шудааст. Додгоҳи Боку дар моҳи август бо ҷароими иқтисодӣ Лайло Юнусро ба 8,5 сол ва Ориф Юнусро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду аз мунтақидони ҳукумати раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба шумор мерафтанд ва ҳукми зиндонашон мавҷи маҳкумиятҳоро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG