Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Сахаров ба блогнависи саудӣ дода шуд


Роиф Бадавӣ
Роиф Бадавӣ

Парлумони Аврупо рӯзи 29 октябр ҷоизаи солонаи озодии баён ба номи Андрей Сахаровро ба блогнависи саудӣ Роиф Бадавӣ дод. Бадавии 31-сола дар соли 2012 барои танқиди сиёсати мазҳабии Арабистони Саудӣ боздошт ва бо ҷурми тавҳин ба Ислом дар Интернет ба 10 соли зиндон ва 1000 зарбаи шаллоқ маҳкум шуда буд. 50 зарбаи аввали шаллоқ ба Бадавӣ дар моҳи январ зада шуд, вале задани шаллоқҳои баъдӣ беш аз 10 маротиба ба таъхир андохта шуд. Сабаби расмии ин таъхир далоили тандурустӣ гуфта мешуд, вале ин дар пайи мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ сурат гирифт. Вакили парлумони Аврупо Тамас Мезерис, ки аз ҷумла гурӯҳи ӯ Роиф Бадавиро ба ҷоизаи Сахаров пешбарӣ кардааст, гуфт, Аврупо “дигар наметавонад дар баробари афроде, ки танҳо барои изҳори ақидаҳояшон дар Арабистони Саудӣ ба шиканҷа ва қатл рӯбарӯ мешаванд, хомӯш нишинад.” Ҷоизаи ба номи дигарандеши маъруфи Шӯравӣ Андрей Сахаров аз соли 1988 ба ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои инсон дода мешавад ва 50 000 евро арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG