Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ҳазорон муҳоҷирро ихроҷ мекунад


Томас де Майзер

Томас де Майзер

Олмон бо ташдиди мавзеъгириаш нисбат ба мавҷи афзояндаи муҳоҷирон гуфт, онҳоеро, ки ҳаққи паноҳандагӣ пайдо намекунанд, ба нимқораи Балкан ва Афғонистон пас хоҳад фиристод. Ин изҳороти лаҳнаш шадиди вазири дохилаи Олмон Томас де Майзер рӯзи 28 октябр баъди он садо дод, ки бино ба як назархоҳии ҷадид, сатҳи ҳимояти мардум аз ҳукумати муҳофизакори садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба далели сиёсаташ дар қиболи бӯҳрони муҳоҷирон ба андозаи дар 3 соли охир бесобиқа пойин рафтааст. Имсол садҳо ҳазор муҳоҷир, аксаран аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон, ҳамчунин аз кишварҳои Балкан ба Аврупо фурӯ рехтанд. Онҳо аз тариқи кишварҳои Балкан меоянд, вале ҳадафи ниҳоияшон ба далели иқтисоди қавӣ ва итмтиёзҳое, ки ба муҳоҷирон медиҳад, Олмон аст. Де Майзер дар Бералин гуфт, сели муҳоҷирон дар рӯзҳои охир хеле вусъат гирифтааст ва Олмон мехоҳад тасмимаш дар мавриди додан ё надодани мақоми паноҳандагӣ ба ҳазорон муҳоҷирро то иди Мавлуди Масеҳ бигирад. Ӯ гуфт, дар ҳафтаҳои наздик шумори онҳое, ки аз Олмон ихроҷ мешаванд, ҷиддан хоҳад афзуд ва “даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дархости паноҳандагиашон рад мешавад, бояд тарки Олмон кунанд.”Ӯ шумори муҳоҷирон аз Афғонистонро “ғайриқобилиқабул” номид ва гуфт, онҳо бояд “дар кишвари худ бимонанд.”

XS
SM
MD
LG