Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии президент аз вазъи молии Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми октябр аз касри 391 миллионаи буҷаи давлати Тоҷикистон, тафовути ҷиддӣ аз тавозуни тиҷорати хориҷӣ ва таҳти фишор қарор доштани қурби пули миллии сомонӣ, ибрози ташвиш кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки гузориш аз ҷараёни он шаби гузашта дар шабакаи телевизони давлатӣ пахш шуд, таъкид кард, ки дар 9 моҳи соли равон воридоти мол 21,8 дарсад, гардиши тиҷорати хориҷӣ 17,9 фоиз дар нисбати соли гузашта коҳиш ёфта ва ин амр ба чигунагии қурби пули миллӣ асар гузоштааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти масъули ниҳодҳои давлатӣ тақозо кардааст, то барои иҷрои буҷаи кишвар ҷиддан талош кунанд. Тибқи иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, ҳаҷми буҷаи давлати ин кишвар барои соли оянда 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон ҳудуди 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.

Ба гуфтаи манбаъ, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда низ нигоҳ дошта шуда ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини бахшҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад. Дар буҷаи соли оянда ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин, ба рушди бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳо ва иртиботот таваҷӯҳи вижа зоҳир шудааст.

XS
SM
MD
LG