Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбозони Малайзия вориди Душанбе шуданд


Футболбозони Малайзия вориди Душанбе шуданд

Футболбозони Малайзия вориди Душанбе шуданд

Дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Бошгоҳи футболи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо 28 октябр аз Дубай ба Душанбе расидааст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим» Роберто Карлос Марио Гомес бо худ ба Душанбе 23 бозигар овардааст, ки дар байни онҳо чаҳор легионер аз Аргентина, Бразилия ва Сингапур мебошанд.

Ҳайати «Ҷоҳор Дарул Такзим» дар бозӣ муқобили «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: МуҳаммадИшамТармизӣ, Ал-ҲафизҲамзан, Муҳаммад Фаризал Марлиас;

Ҳимоятгарон: Айдил Зауфан Абдул Раззоқ, Маркос Антонио (Бразилия), Амир Сайдин, Даудсу Ҷамолиддин, Маҳаллӣ Ҷасулӣ, Низом, Сукумаран;

Нимҳимоятгарон: Супия Чантуру, Субраманян Куналан, Гарри Стивен Раббот, Муҳаммад Шафиқ Раҳим (капитан), Харис Харун (Сингапур), Муҳаммад АмирулҲодӣЗайнал, Фазлӣ Мазлан, Ҷасасрин Ҷамолиддин, Шокир Шаарӣ, Назрин Навӣ;

Ҳамлагарон: Лусиано Фигероа, Леандро Веласкес (ҳарду — Аргентина), Шафӣ Солӣ, Муҳаммад Амрӣ Яҳё.

Сармураббӣ: Роберто Карлос Марио Гомес.

Бегоҳи чоршанбеи 28 октябр бошгоҳи малайзиягӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе аввалин тамринашро анҷом дод.

Ёдовар мешавем, бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад. Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ лотерея доир хоҳад шуд. Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, панҷ телефони мобилии «iPhone 6» бурдҳои лотерея мебошад.

Билетҳо барои тамошои ин бозӣ, ки инчунин дар лотерея иштирок мекунанд, дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи бошгоҳии «Joma» воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 85, фурӯхта мешаванд. Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 50 сомонӣ, ба минбарҳоидигар - шимолӣ, шарқӣ ваҷанубӣ - 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳиятдувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Доварони бозиини ҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG