Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷадвали замонии барканории Башор Асад


Фаронса гуфт, бо муттаҳидонаш пиромуни ҷузъиёти давраи гузариши сиёсие, ки барканории раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро “ тибқи ҷадвали замонии мушаххас” замонат бидиҳад, кор мекунад. Вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус шоми 27 октябр дар Порис дар пайи нишасти намояндагони Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия, Аарабистони Саудӣ, Урдун, Қатар ва Имороти Араб дар як изҳорот гуфт, ин гурӯҳ ҳамчунин зарурати идомаи набардҳо алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва пуштибонӣ аз мухолифини мӯътадил дар Сурияро баҳс кардааст. Дар нишасти Порис тарафдорони асосии Асад – Русия ва Эрон – ширкат надоштанд. Интизор меравад, ки намояндагони Маскаву Теҳрон дар музокироти Сурия дар Вена, ки рӯзҳои 29 ва 30 октябр доир мешавад, ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG