Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисобҳои бонкии вазири собиқро бастанд


Елена Скринник

Елена Скринник

Мақомоти Швейтсария, бино ба хабарҳо, ҳисобҳои бонкии марбут ба вазири собиқи кишоварзии Русия Елена Скринникро дар чорчӯби таҳқиқи қазияи шустушӯи пул мунҷамид кардаанд. Матбуоти Русия рӯзи 28 октябр аз қавли як манбаъ дар додситонии Швейтсария гуфт, ҳисобҳои марбут ба Скринник ба маблағи тақрибан 61 миллион доллар масдуд шудаанд. Бино ба гузоришҳо, аз соли 2007 то 2012 ба ин ҳисобҳо ҳудуди 140 миллион доллар интиқол ёфтааст. Скринник аз соли 2009 то 2012 вазири кишоварзии Русия буд ва ҳоло дар Ривераи Фаронса ба сар мебарад. Дар ин ҳафта додситонии Русия аз Швейтсария хост, то 12,2 миллион доллар дар ҳисобҳои муовини собиқи вазири кишоварзӣ Алексей Бажановро мунҷамид кунад. Ин дархост дар чорчӯби таҳқиқи парвандаи пулшӯии ширкати давлатии “Росагролизинг” аст, ки Скринник қабл аз вазир шуданаш раҳбарӣ мекард. Скринник дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ 61 миллион доллар доштанаш дар бонкҳои Швейтсарияро рад кард ва “дурӯғ” номид

XS
SM
MD
LG