Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин боздиди Ҷон Керрӣ аз Осиёи Марказӣ


Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри барои нахустин бор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Департаменти давлатии Амрико гуфт, Керри баъди ширкат дар музокироти чандҷонибаи Сурия, ки рӯзи 29 октябр дар Вена шурӯъ мешавад, роҳии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин нахустин сафари якбораи вазири хориҷаи Амрико ба ҳамаи 5 кишвари ин минтақа ба шумор рафта, то 3 ноябр идома хоҳад ёфт. Бино ба барномаи сафараш, Керри дар Бишкек дар расми ифтитоҳи кампуси Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ширкат ва аз биноҳои нави сафорати Амрико боздид хоҳад кард. Дар Самарқанди Узбакистон Ҷон Керрӣ дар нишасти муштараки вазирони хориҷаи ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар формати нави мавсум ба C5+1 ширкат меварзад. Ӯ дар Остона дар нишасти Муколамаи стротегии Амрикову Қазоқистон ширкат ва дар донишоҳи Назарбоев суханронӣ мекунад. Керри ҳамчунин аз Туркманистон ва рӯзи 2 ноябр аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG