Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларза аз 350 нафар гузашт


Асароти заминларза дар Бадахшони Афғонистон
Асароти заминларза дар Бадахшони Афғонистон

Шумори ҳалокшудагон бар асари заминларзаи 7,5-баллии рӯзи 26 октябр, ки марказаш дар Афғонистон буд, аз 350 нафар гузаштааст. Дастикам 241 кушта ва 1600 маҷрӯҳ танҳо дар Покистон сабт шудаанд. Амалиёти наҷот ва ҳисобукитоби хисороти ворида дар манотиқи зилзилазада идома дорад. Дар Афғонистон бар асари ин офати табиӣ дастикам 115 нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG