Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ФСБ хатари афзоянда ба Осиёи Марказиро ном бурд


Александр Бортников
Александр Бортников

Александр Бортников, раҳбари ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – гуфт, Русия маъракаи ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурияро ба хотири пешгирӣ аз бозгашти ҷангиёни созмони “Давлати исломӣ” ба кишварҳои зодгоҳашон дар Шӯравии собиқ ба роҳ андохтааст. Бортников рӯзи 28 октябр дар як ҳамоиш дар Маскав гуфт, дар сафи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ҷангиён аз беш аз 100 кишвар, бо шумули “ҳудуди 10 гурӯҳи шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” меҷанганд. Ӯ афзуд, ахиран дар Маскав “шӯъбаҳои бузург”-и “Давлати исломӣ” ва Ҳизб-ут-Таҳрирро аз байн бурданд. Бортников ҳамчунин гуфт, бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон хатари афзояндаеро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бор меорад, чунки, ба гуфтаи ӯ, ба Толибон “гурӯҳҳои ҷиноӣ”-и маҳаллӣ, ки метавонанд “қасди вуруд ба Осиёи Марказиро дошта бошанд”, ҳамроҳ мешаванд. Ӯ аз кишварҳои СНГ даъват кард, ҳамкориро дар роҳи мубориза бо терроризм тақвият дода, ба таҳкими амният дар марзҳои СНГ бартарӣ бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG