Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз сафоратҳои хориҷӣ тавзеҳ хост


Анатолий Антонов
Анатолий Антонов

Маскав аз сафоратҳои хориҷӣ дар бораи гузоришҳои мартбуоти Ғарб роҷеъ ба ҳалокати мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия тавзеҳ хостааст. Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов гуфт, ӯ атташеҳои низомии Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Арабистони Саудӣ, Туркия ва НАТО-ро даъват карда, аз онҳо роҷеъ ба баёниҳояҳои марбут ба онҳо тавзеҳи расмӣ хостааст. Антонов гуфтааст, агар далелҳои ҳалокати мардуми осоишта оварда ваё ин баёнияҳо рад нашаванд, Маскав ин “изҳоротҳои зидди Русияро ҳамчун бахше аз ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия” таъбир хоҳад кард. Антонов гуфт, дар матбуоти хориҷӣ Русияро нафақат ба ҳамла ба “мухолифини мӯътадил”, балки ба бемористону мактабҳо ва масҷидҳо низ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG