Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон Дарқадро гирифтанд


Ҷангиёни Толибон вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дарқад дар вилояти Тахори Афғонистонро тасарруф кардаанд. Сухангӯи волии вилояти Тахор Суннатуллоҳ Темур рӯзи 28 октябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангиён субҳи имрӯз вулусволии Дарқадро тасарруф кардаанд ва ҷангҳои шадид ҳамчунин дар вулусволии Хоҷағор идома доранд. Дарқад, ки аз сӯи Толибон тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Сухангӯи волии Тахор низ инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд: "Шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни тоҷику узбак нишон медиҳанд. Ду тан аз ҷангиёни кушташуда аз тарафи Толибон низ аз ин ҷангиёни хориҷианд.”

XS
SM
MD
LG