Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Ҳисор варзишгоҳи замонавии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҳисор рӯзи 27 октябр варзишгоҳи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуд. Тибқи иттилои хабаргузории расмӣ -- "Ховар", варзишгоҳ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.

Варзишгоҳ дар масоҳати 20 гектар бо маблағи бештар аз 42 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои шароити мусоид барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, машқу тамринва кору фаъолият мебошад.

Минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешавад ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.

XS
SM
MD
LG