Пайвандҳои дастрасӣ

Мудофеони ҳуқуқи башари Русия иллати марги кӯдаки тоҷикро баррасӣ мекунанд


Раёсати Шӯрои ҳуқуқи башари Русия гурӯҳи кориеро барои баррасии ҷузъиёти фавти Умаралӣ, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик ба шаҳри Санкт-Петербург эъзом кардааст.

Дар ин бора Михаил Федотов, раҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар иттило додааст.

Максим Шевченко, узви ин шӯро ба хабаргузориҳои Русия дар мавриди ҳадафи ин гурӯҳи корӣ гуфтааст: “Ҳадафи аслӣ баррасии мушкилоти марбут ба нақзи ҳуқуқи башар ва огоҳ сохтани раиси ҷумҳур дар ин бора аст. Дар ин ҷо сухан дар бораи иҷборан аз даст модар гирифтани кӯдаки навзод меравад. Кӣ бояд барои ҳаёт ва саломатии кӯдак посух гӯяд? Кӯдаки 5-моҳаро аз модараш гирифтанд ва ӯ фавт кард. Барои ин амал кӣ бояд ҷавобуӯ бошад?”

Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш Зарина Юнусова – шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи муқаррароти муҳоҷират, дар идораи пулис даргузашт. Ин ҳодиса маҳкумияти ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили Тоҷикистон ва ҳам Русияро ба бор овард. Ҳанӯз ҷасади тифл ба волидон супурда нашудааст. Додситонии шаҳри Санкт-Петербурги Русия талош дорад масъулияти марги Умаралии 5-моҳаро ба дӯши падару модари ӯ бор кунанд.

Дар ҳамин ҳол пулиси Санкт-Петербург, ки гунаҳкор буданаш дар марги Умаралии панҷмоҳаро рад карда буд, порае аз сабти дурбини назоратиро дар ихтиёри торнамои "Фонтанка.ру" гузоштааст, ки дар он ба қавли маъмурони пулис аз Умаралӣ хуб нигоҳубин шудааст. Дурустии ин навор ҳанӯз таъйид нашуда, вале дар он дида мешавад, як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ба ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад.

XS
SM
MD
LG