Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 хатти нави парвоз аз Тоҷикистон ба Оренбург


Якбора ду ширкат – “Уралские авиалинии” ва “Сомон Эйр” ба анҷоми парвозҳо аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбеи Тоҷикистон ба шаҳри Оренбурги Русия шурӯъ кардаанд. Парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” аз 26 октябр оғоз ёфта, рӯзҳои душанбе дар масири Оренбург –Хуҷанд ва рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта дар хатти Оренбург – Душанбе анҷом хоҳанд шуд. Нархи ин парвозҳо зери 10 000 рубли русӣ, муодили тақрибан 160 доллар гуфта мешавад. Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”, ки 27 октябр ба парвозҳо то Оренбург шурӯъ кард, рӯзҳои чоршанбеву ҷумъа аз ин шаҳри Русия ба Душанбе ва рӯзҳои шанбе ба Хуҷанд парвоз хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG