Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти сержанти пулис ҳангоми ғорати 5 тоҷик


Акс аз бойгонист

Акс аз бойгонист

Пулиси минтақаи шимолушарқии шаҳри Маскав як сержанти пулис ва шарики ӯро ҳангоми ғорати 5 роҳрӯби тоҷик дар гузаргоҳи Шокалский дастгир кардааст. Хабаргузории “Москва” аз қавли мақомоти пулис хабар дод, ки ин ду нафар дар даст автомат дари амбори ширкати “Жилишник”-ро шикаста, аз 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин корхона ба ҳайси роҳрӯб кор мекарданд, пул талаб кардаанд. Онҳо ҳангоми фирор дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, сержанти боздоштшуда 23 сол дошта, дар шӯъбаи пулиси нақлиёти бандари “Южний”-и пойтахти Русия кор мекард ва дар вақти холӣ аз кораш даст ба ғоратгарӣ задааст.

XS
SM
MD
LG