Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Қирғизистон заминҳоро додугирифт мекунанд


Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, 27 октябр ба матбуот гуфт, ки бори аввал дар таърих байни Тоҷикистону Қирғизистон додугирифти заминҳои мушаххас ба якдигар сурат мегирад. Ба қавли ӯ, ин додугирифт аз ҳар ду ҷониб 12-гектарӣ заминро ташкил медиҳад.

Маматалиев гуфт, "ин додугирифт барои ҳар ду ҷониб судманд аст. Мо заминҳоеро мегирем, ки дар рустои Куктош қарор дорад ва дар он ҷо қабристон ҷой гирифтааст. Ҷониби Тоҷикистон заминҳои поёни ҳамин русторо хоҳад гирифт."

Бино ба гуфтаи муовини нахуствазири Қирғизистон, дар мулоқоти раисони ҷумҳурии ҳар ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда буд, ки ҷонибҳо ба харитаҳои солҳои гуногун такя накунанд. Ӯ мегӯяд, "мо ба 4 мувофиқатнома такя мекунем: мувофиқатнома дар бораи ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эъломияи Алмаато, Қарордоди соли 1994 ва қарордоди соли 1996-и байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи ин санадҳои имзошуда".

Ҳайати Тоҷикистон 5 ноябр бо пешниҳодҳои нав ба Бишкек сафар мекунад, пешниҳодҳое, ки ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон дода буд. Дар охири ҳамон моҳ ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон даъват шудааст.

XS
SM
MD
LG