Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистону Покистон баъд аз зилзилаи сахти рӯзи 26 октябр амалиёти наҷот идома дорад. Мақомоти ин кишварҳо 27 октябр гуфтанд, ки шумораи кушташудагон ба бештар аз 300 нафар расидааст ва ин шумора метавонад ҳамоно боло биравад.

Дар Покистон 237 нафар кушта 1500 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар Афғонистон 76 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 230 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ зилзилаи шадидро эҳсос карданд. Дар ин кишварҳо талафоти ҷонӣ ба бор наомадааст.

Дар Покистон аз ҳисоби низомиён ва шаҳрвандон гурӯҳҳои наҷот ташкил шудаанд ва барои расидан ба манотиқи дурафтода талош мекунанд.

Дар Афғонистон Толибон изҳорот пахш кардаанд ва гуфтаанд, ки ба шӯришиёни худ дастур додаанд, то ба осебдидагони зилзила кӯмакҳои ҳамаҷониба расонанд ва роҳҳои расидани гурӯҳҳои наҷот ва кормандони созмонҳои имдодӣ ба манотиқи осебдидаро фароҳам созанд.

Ҳукумати Кобул мегӯяд, ки тақрибан 4 ҳазор хона хароб шудааст ва ё осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG