Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ермек Наримбаев ҳамчунон дар боздоштгоҳ мемонад


Додгоҳи таҷдиди назари суди шаҳрии Алмаато шикоят ба ҳукми додгоҳи зинаи аввал барои ҳабси фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ермек Наримбаевро рад кард. Наримбаев дар парвандаи «барангехтани низои қавмӣ» гумонбар дониста мешавад.

Судя Ардак Ешеев қарор кард, ки муҳокимаи шикояти истинофии Наримбаев бе иштироки намояндагони расонаҳо ва ҷомеа сурат бигирад. Худи Наримбаевро, ки дар боздошт қарор дорад, ба муҳокимаи имрӯзаи додгоҳӣ наоварданд. Баъд аз эъломи ҳукм Жанара Балгабаева, вакили мудофеи Ермек Наримбаев ба Азаттик гуфт, ки ҳукми ин додгоҳ ниҳоӣ аст. Вай афзуд, ки «дар сурати анҷоми нохушоянди муҳокимаи ин парванда ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикоят бурда хоҳад шуд».

Наримбаев, ки дар «барангехтани низои қавмӣ» гумонбар мебошад, 12 октябр дар Алмаато баъд аз кофтукоби манзилаш боздошт шуд. Бо гузашти се рӯз додгоҳ ҳукм баровард, ки ӯро барои ду моҳ боздошт кунанду дархости ҳабси хонагӣ ва ё озодӣ бар ивази пардохти гаравпулӣ рад карда шавад.

Ермек Наримбаев ва фаоли дигари ҷомеи шаҳрвандӣ Серикжан Мамбеталин барои дар шабакаи иҷтимоии Facebook чоп кардани порае аз китоби нашрношудае, ки муаллифияташ ба Мурат Телибеков нисбат дода мешавад, айбдор дониста мешаванд.

Ҳамин рӯз додгоҳи шаҳрӣ қонеъ сохтани шикояти истинофии Серикжан Мамбеталин барои ҳабсашро рад кард.

Ермек Наримбаев барои интиқоди мақомот борҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, чанд маротиба барои мушорикат дар баргузории иқдомоти ғайриқонунии эътирозӣ дар боздошти маъмурӣ буд. Серикжан Мамбеталин баъд аз он ки ҳизби «Руҳаният» ба раҳбариаш аз ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2011 маҳрум шуду худаш аз раҳбарии ин ҳизб барканор гардид, зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот интиқод мекунад.

XS
SM
MD
LG