Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Кобул аз Маскав хост, барояш аслиҳа фурӯшад


Афғонистон ба Русия бо хоҳиши фурӯши аслиҳа муроҷиат кардааст, менависад The Wall Street Journal бо истинод ба мақомоти амрикоиву русӣ. Ба иттилоъи ин расона раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз Москва хостааст, ки барои Афғонистон тӯпҳо, аслиҳаи тирзан ва чархболҳои ҷангии Ми-35 фурӯшад, хабар додааст РБК.

Рӯзнома зикр мекунад, ки ин дархост баъд аз он сурат гирифтааст, ки ИМА ва муттаҳидонаш қисмати зиёди нерӯҳои мусаллаҳи худро аз қаламрави Афғонистон ихроҷ карданду миқдори кӯмакҳои молӣ ба ин кишварро коҳиш доданд. “Русия аз чунин фурсат истифода мекунад”, - гуфт як мақоми амрикоӣ.

Нашрия зикр мекунад, ки чунин тасмим ҳамчунин аз нигаронии Москва дарак медиҳад, зеро ба эътиқоди мақомоти русӣ ташаннуҷи вазъият дар Афғонистон метавонад ба вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир расонад ва хатари тундгароии исломиро ба марзҳои Русия наздик созад.

9 октябр намояндаи махсуси раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов хабар дод, ки Москва умед дорад, ки алаккай дар моҳи октябри соли 2015 бо Кобул дар мавриди фурӯши чанд адад чархболҳои Ми-35 қарордод имзо кунад.

Пештар Кабулов изҳор дошта буд, ки Москва мавзӯъи расонидани кӯмаки низомӣ ба Афғонистонро баррасӣ мекунад, аммо мушахаас нагуфт, ки кадом намуди аслиҳаро Москва мехоҳад ба Кобул бидиҳад.

XS
SM
MD
LG