Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар қатори кишварҳои амни ҷаҳон


Бар асоси як назарсанҷии созмони Gallup Тоҷикистон дар ростои сайру гашти шабона дар қатори даҳ кишвари амни ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аз ҷумлаи кишварҳои собиқи шӯравӣ Арманистон низ ба ин феҳрист шомил шудааст. Дар феҳристи кишварҳои амн номи Сингапур, Норвегия, Испания, Руанда, Индонезия ва Словения сабт шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Венесуэла, Габон, Конго, Парагвай ва Афғонистон аз хатарноктарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳангоми сайру гашти шабона унвон шудаанд. Ин назарсанҷӣ дар миёни 142 ҳазор нафар дар 141 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG