Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия 30 тундравро боздошт карданд


Шаҳри Қуния
Шаҳри Қуния

Нируҳои амниятии Туркия тақрибан 30 нафарро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ гумонбар дониста мешаванд, дар шаҳри Қуния боздошт карданд.

Амалиёти боздошт 27 октябр як рӯз баъзд аз он анҷом гирифт, ки нируҳои амниятии Туркия 7 тундравро ба қатл расонданд ва 12 нафари дигарро дар шаҳри Диёрбоқир дар минтақаи курднишин боздошт карданд. Дар ин амалиёт 2 корманди пулис низ кушта шуданд.

Нируҳои интизомии Туркия амалиёт бар зидди афроди гумонбар ба тундравҳои Давлати Исломиробаъд аз ду бамгузории 10 октябр дар Анкара бештар кардаанд. Дар ин бамгузориҳо бештар аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG