Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ҷасади ду сокини Тоҷикистонро баргардонд


Мақомоти марзбонии Узбакистон ҷасади ду сокини Панҷакентро ба Тоҷикистон баргардонданд ва баъди мушаххас шудани кушта шудани онҳо бар асари таркиши мина ин афрод ба хок супорида шуданд.

Мақомоти марзбонии Узбакистон ҷасади ду сокини ноҳияи Панҷакентро, ки гуфта мешуд баъди бархӯрдан ба минаҳои хатти сарҳад ҷон бохтаанд, ба тарафи Тоҷикистон супурдаанд. Зокирбой Урунов, раиси маҳаллаи Фароби ноҳияи Панҷакент, 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди муоинаи ҷасадҳо аз тарафи Маркази ташхиси шӯъбаи умури дохилии ноҳия маълум шудааст, ки онҳо бар асари таркиши мина фавтидаанд. “Баъд аз мушаххас шудани воқеияти ҳол онҳо ба хок супурда шуданд,” – афзуд ӯ.

Зокиров гуфт, осори пораҳои мина дар бадани Содиқ Субҳонов (соли таваллудаш 1987), сокини деҳаи Фароб ва Сафаралӣ Тошев (соли таваллудаш 1980), истиқоматкунандаи деҳаи Ёрии ин ноҳия мушоҳида шудааст.

Қаблан, баъди нопадид шудани ду сокини ноҳияи Панҷакент дар рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ гуфта мешуд, ки сарҳадбонони Узбакистон гӯё онҳоро ҳангоми убури хатти марз ба зарби тир куштаанд.

Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пас аз тамос бо ҳамтоёни узбаки худ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 6 сокини ноҳияи Панҷакент ба 300-метрии хоки Узбакистон ворид шуда, бар асари таркиш ду нафари онҳо фавтида ва чаҳор нафари дигар ба дохили Тоҷикистон фирор карда пинҳон шудаанд.

Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо, то ҳол 11,2 километри мураббаъ майдон дар ин кишвар аз мина ва дигар маводи тарканда поксозӣ нашудааст. Аммо дар маҷмӯъ, тайи даҳ соли охир 190 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шуда, беш аз 12 километри мураббаъ аз мина озод карда шудааст. Шумори қурбониёни таркиши минаҳо дар 15 соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 800 нафар арзёбӣ мешавад, ки 90 дарсади онҳо сокинони осоиштаанд.

Бино ба маълумоти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ҳоло 350 ҳазор нафар дар минтақаҳои хатарнок ба сар мебаранд. Тоҷикистон узви Аҳдномаи Оттава мебошад ва тибқи он бояд то якуми апрели соли 2020 ҳудуди ин кишвар аз минаҳову маводи тарканда поккорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG