Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт голи беҷавоби “Истиқлол” ба дарвозаи “Парвоз”


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 8-0 пирӯз шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 8-0 пирӯз шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми 26 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид, тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 8-0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ се голро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд ва ӯ бо 18 тӯби задааш дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал аст.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 43 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Ба “Истиқлол” барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар се бозии боқимонда муқобили «Барқи тоҷик», «Равшан» ва «Хуҷанд» як ғалаба ба даст овардан кофист.

Дастаи “Истиқлол” ҳамакнун ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC – Конфедератсияи футболи Осиё, ки рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 16-ум

«ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ» — 8:0

Голҳо: МанучеҳрҶалилов, 3 (1:0). МанучеҳрҶалилов, 33 (2:0). РомишҶалилов, 38 (3:0). МанучеҳрҶалилов, 55 – аз пеналтӣ (4:0). Бледа Родригес, 57 (5:0). ЗиёвуддинФузайлов, 66 (6:0). Умедҷон Шарифов, 79 (7:0). Парвизҷон Умарбоев, 90 (8:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

14

1

0

58-2

43

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

11

3

1

30-11

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

7

6

2

21-11

27

4

«Равшан» (Кӯлоб)

14

8

2

4

31-24

26

5

«Хайр» (Ваҳдат)

15

7

4

4

18-23

25

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

6

2

6

10-14

20

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

3

3

9

15-25

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

15

3

2

10

12-25

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

2

4

9

6-27

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

0

1

15

4-42

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 18 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимондаи даври 16-ум:

1 ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Хайр» — «Далерон-Ӯротеппа»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

«Равшан» — «Вахш»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

ССКА «Помир» — «Хуҷанд»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

2 ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Барқи тоҷик» — «Регар-ТадАЗ»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG