Пайвандҳои дастрасӣ

Рухшона, духтари 19-солаи сокини шаҳри Фирозкӯҳи вилояти Ғӯри Афғонистон барои он сангсор шуд, ки ҳамроҳи дилдодааш аз хонаашон фирор кард то бо ӯ оила бунёд кунад

Дар бораи ин ҳодиса ба Радиои Афғонистони Озод афсари полиси маҳаллӣ Муҳаммадзамон Азимӣ рӯзи 26 октябр хабар дод. Толибон дилдодаи Рухшона, ҷавони 23-сола Муҳаммад Гулро дар маҳзари ом ҳалқовез карданд. Ҷузъиёти ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест, вале бино ба хабарҳо, Рухшонаро мехостанд ба никоҳи марди дигар дароранд ва аммо ӯ ва Муҳаммад Гул тасмим гирифтанд, ки фирор кунанд ва дар пояи ишқу садоқат оила бунёд намоянд.

Ду моҳ пеш дар ҳамин вилоят ду ҷавони ошиқро барои равобити маҳрамона ба тозиёна маҳкум карда буданд. Аҳмад ва Зармина дар таърихи додгоҳи ин вилоят аввалине ҷуфте буданд, ки маҳз барои равобити маҳрамона муҷозот шуданд. Онҳо дар ҷараёни мурофиа иқрор кардаанд, ки чаҳор маротиба бо ҳам робитаи маҳрамона доштаанд. Ҳар кадоме ба 100 тозиёна ё шаллоқ маҳкум шуданд. Барои аввалин бор ҳукми ин ду муҷрим дар мазҳари ом, яъне дар пеши чашми мақомот ва масъулони додгоҳ, иҷро шуд.

Маъсума Анварӣ, масъули масоили занон дар ҳукумати вилояти Ғур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса кушта шудани Рухшона ба асари сангборон ҳоло таҳқиқ мешавад. Мо аз мақомот талаб кардем, ки бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ба мо иттилои катбӣ диҳанд, афзуд ӯ.

Як зани афғон баъд аз лату кӯби пайвандони шавҳараш

Як зани афғон баъд аз лату кӯби пайвандони шавҳараш

Ба гуфтаи хонум Анварӣ, сангборони Рухшона дар минтақае рӯй додааст, ки таҳти назорати давлат нест. Бо вуҷуди ин пеши роҳи чунин муҷозот ва он ҳам дар маҳзари омро бояд гирифта шавад, мегӯяд Маъсума Анварӣ. Агар зан ё духтар гуноҳе карда бошад, бояд парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ шавад ва ҳукми ӯро додгоҳ эълон кунад. Хонум Анварӣ аз он нигаронӣ кард, ки нафаре аз занон худро дар амн эҳсос намекунанд ва худи ӯро то лаҳзаи ба манзилаш расидан ҳиссиёти тарс думболагир аст.

Афғонистон, ки додгоҳаш бар пояи қавонини шариат амал мекунад, аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷи кишвар барои ҳукмҳои поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ пайваста танқид мешавад. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дахолат ба равобити маҳрамона бо мард ё зане дар ҷомеаҳои пешрафта дахолат ба ҳарими хусусӣ арзёбӣ мешавад.

Хабари сангборон шудани Рухшона дар вилояти Ғур дар ҳоле расид, ки бисёриҳо марги фоҷиабори ҷавонзани афғон Фархундаро дар остонаи Наврӯзи имсол дар Кобул аз ёд набурдаанд. Фархунда баъд аз тӯҳмат ба оташзании китоби муқаддаси Қуръон аз сӯи издиҳоми мардон бераҳмона ба қатл расонда шуд. Ҷасади ӯро оташ зада ва ба рӯдхона андохтанд. Ин ҳодиса аз сӯи ҳам ҷомеа ва ҳам раҳбарияти ҳукумати Афғонистон маҳкум шуд, зеро маълум гардид, ки Фархунда қурбонии тавтеъаи муллои маҳаллӣ шудааст.

Фархунда

Фархунда

Бо вуҷуди ба мӯҳлатҳои то 20 соли зиндон маҳкум шудани қотилони Фархунда, аксарият бар ин боваранд, ки куштори ин хонум - намунаи беҳуқуқиву заъфи занони Афғонистон дар баробари ҷомеаи суннатгарои мардсолори кишвар аст, ки пойбанди хурофот боқӣ мондааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари афғон мегӯянд, ки хушунату бадрафторӣ нисбати занон - зодаи ҳамон хурофот аст. Дар Афғонистон на фақат шавҳар, балки пайвандони ӯ ҳам занро метавонанд таҳқиру шадидан латукӯб кунанд. Гулсимо, зани ҷавони афғон, мегӯяд, дар тӯли панҷ моҳи зиндагии муштарак бо хонаводаи шавҳараш пайваста мавриди хушунат буд ва ин қазия ахиран бо буридани гулӯи ӯ анҷом ёфтааст. Ин ҳодиса охири баҳори соли равон рӯй дод ва Гулсимо чанд ҳафтаро рӯи бистари бемористони Ибни Синои шаҳри Кобул сипарӣ кард ва аммо сиҳати комил наёфт.

Пулис дар робита ба ин қазия шавҳари Гулсимо боздошт шудааст. Хонаводаи Гулсимо мегӯянд, ки ин зани ҷавон борҳо аз сӯи наздикони шавҳараш мавриди латту кӯб ҳам қарор гирифта буд ва ӯро ҳатто ба хӯрдани мех маҷбур кардаанд. Аз ин пеш шавҳари Ситора, дигар зани ҷавони афғон, бинӣ ва лабони ӯро ба он хотир бурида буд, ки аз тақозоҳои номашрӯъяш сар печидааст. Дар ҳодисаи дигар, дар вилояти Бодғис дар натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ як мард хонумашро бо тир ба қатл расондааст. Сухангӯи волии Бодғис ба Радиои Озодӣ гуфта буд, шавҳари ин зани 30-сола дар ноҳияи Камароби баъд аз қатл фирор кард.

Гулсика, як зани афғон ҳам, ҳадафи тири шавҳараш қарор гирифта, аммо баъд аз табобат ба худ омад. Ӯро замоне ба шавҳар додаанд, ки сенздаҳ сол дошт. Даҳ рӯзи аввал, ба гуфтаи Гулсика, беҳтарин рӯзҳои зиндагияш буданд, аммо баъдан таънаву надомат ва хушунату латту кӯб оғоз ёфт.

Гулсика дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз машаққату азияти дар хонаи шавҳар кашидааш қисса карда буд. Сабаби сӯяш тир андохтани ҳамсарашро Гулсика бо он марбут донист, ки баъд аз ҳафт соли хонадорӣ ӯ тифле ба дунё наовард. Лаҳзаҳои аввали баъд аз тирандозии шавҳарашро Гулсика ин гуна тасвир мекунад: "Рӯдаҳоям аз шикамам ба замин афтоданд. Хушдоманам онҳоро ҷамъ карда дар шикамам андохт ва шикамамро баст. Ӯ ба ман мегуфт, ки "фарёд назан". Ман нафас кашида наметавонистам, нафас дар гулӯям печида буд"...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG