Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон духтари афғонро сангборон карданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Толибон як духтари 19-солаи сокини шаҳри Фирозкӯҳи вилояти Ғурро бо сангборон куштанд. Афсари полиси маҳаллӣ Муҳаммадзамон Азимӣ рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ин духтар, ки Рухшона ном дошт, рӯзи якшанбе бар асари сангборон ҷон бохтааст. Дилдодаи ӯ, ҷавони 23-сола Муҳаммад Гулро дар маҳзари ом ҳалқовез карданд.

Гуфта мешавад, ки Рухшонаву Муҳаммад хонаводаҳои худро тарк намуда, мехостанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд.

Ду моҳ пеш дар ҳамин вилоят ду ҷавони ошиқро барои равобити маҳрамона ба тозиёна маҳкум карда буданд. Аҳмад ва Зармина дар таърихи додгоҳи ин вилоят аввалине ҷуфте буданд, ки маҳз барои равобити маҳрамона муҷозот шуданд. Онҳо дар ҷараёни мурофиа иқрор кардаанд, ки чаҳор маротиба бо ҳам робитаи маҳрамона доштаанд. Ҳар кадоме ба 100 тозиёна ё шаллоқ маҳкум шуданд. Барои аввалин бор ҳукми ин ду муҷрим дар мазҳари ом, яъне дар пеши чашми мақомот ва масъулони додгоҳ, иҷро шуда буд.

XS
SM
MD
LG