Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Аврупо марказҳои нави муҳоҷирон таъсис мешаванд


Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти худ дар Брюссел рӯзи 26 октябр тарҳеро пазируфтанд, ки бар пояи он барои марказҳои қабули паноҳандагон сад ҳазор ҷойи кори нав ташкил мешавад.

Дар ин нишаст сарони 10 кишвари узви Иттиҳодия, аз ҷумла, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, раҳбарони Албания, Сербия ва Македония ширкат доштанд.

Бар пояи тарҳи пазируфташуда, дар Юнон марказҳои иловагӣ таъсис мешаванд ва дар онҳо то 50 ҳазор муҳоҷирон муваққатан ҷойгир хоҳанд шуд. Идораи умури паноҳандагони СММ ӯҳдадор шудааст, ки барои қабули ҳамин теъдод паноҳандагон дар кишварҳои нимҷазираи Балкан, аз ҷумла, дар Сербия ва Македония марказҳои қабули паноҳандагонро ташкил намояд.

Як ҳафта пеш Маҷористон марзҳояш бо Сербия ва Хорватияро баст ва мавҷи муҳоҷирон ба Словения омад. Айни ҳол тақрибан 60 ҳазор муҳоҷирон аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон дар ин кишвар дар вазъи номусоид ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG