Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон аз заминларза як кас ҷон бохт


Баъд аз заминларза дар Ҳиндустон мардуми зиёде биноҳоро тарк намуданд

Баъд аз заминларза дар Ҳиндустон мардуми зиёде биноҳоро тарк намуданд

Бар асари заминларзаи шадид дар вилояти Сувоти Покистон ҳадди аққал як кас кушта ва беш аз сад нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории Франс Пресс бо акя ба иттилои телевизиони давлатии Покистон навиштааст, ки як нафар ҳангоми фурӯрезии боми манзили зист ҷон бохтааст.

Ба иттилои расмӣ, нерӯи заминларза, ки баъд аз нисфирӯзи 26 октябр чанд кишвари Осиёро такон дод, дар Покистон 7,7 дараҷаи Рихтер буд.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки заминларза боиси қатъ шудани барқ ва осеб дидани робитаи телефонӣ дар Афғонистон шуд. Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои охир ба ин шиддат заминҷунбиро дар ёд надоранд.

Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ қудрати ин заминҷунбиро мушаххас ва эълон хоҳад кард.

Аз заминларзаи шадид дар Ҳиндустон ва ду шаҳри Қирғизистон - Бишкек ва Ӯш ҳам хабар расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG