Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "сегона" аз сар гирифта мешавад


Мақомоти Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баъд аз се сол дар нахустин нишасти “сегона” ҷамъ меоянд. Баргузории ин нишастҳо моҳи майи соли 2012, баъд аз моҷароҳои сиёсии минтақаӣ, мутаваққиф шуда буданд.

Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 26 октябр тасдиқ кард, ки нишасти “сегона” ҳангоми сафари нахуствазири кишвар Ли Кэтсянг ба Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, доир хоҳад шуд. Қарор аст, ки сафари расмӣ аз 31 октябо то 2 ноябр идома кунад. Расонаҳои ҷопонӣ навиштанд, ки нишасти “сегона” рӯзи 1 ноябр баргузор мешавад.

Нахустин саммити раҳбарони Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ соли 2008 доир шуд ва аммо баъд аз чаҳор сол бар асари моҷарои сиёсӣ миёни Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мутаваққиф шуд. Моҷаро – акси садои ҷанги дуввуми ҷаҳон ва сару садоҳо дар бораи аз сӯи сарбозони ҷопонӣ таҷовуз шудани занону духтарони кореягӣ буд.

Робитаҳои минтақаӣ баъд аз баҳси кишварҳо дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани чанд ҷазираи хурд дар Баҳри Ҷопон сардтар шуданд.

XS
SM
MD
LG